Рӯзҳои 28 март – 2 апрели соли 2022 дар шаҳри Бохтари Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодоти мувофиқашуда оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон омода карда шуданд.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.