26 апрели соли 2022 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини парлумонии вазири иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон дар Токио баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар ва инчунин баргузории ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопонро оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмро мавриди баррасӣ қарор доданд.