Муовини вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи Сафири Маҷористонро қабул кард

14.06.2022 13:49

14 июни соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Маҷористон  Отто Иван Ронаро қабул кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Маҷористон ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Маҷористонро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

Нигористон

Тақвим