15 июни соли 2022 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Болу Туркер Атеш, сурат гирифт.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ширкатҳои тоҷикию туркӣ бо дарназардошти зарфиятҳои иқтисодию сармоягузории минтақаҳои Тоҷикистон, мавриди муҳокима қарор доданд.