Тасаллият ба мардуми Афғонистон

23.06.2022 14:03

Ба намояндагӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки ҳодисаи заминларза дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон, ки бар асари он теъдоди зиёди сокинони ин минтақаҳо фавтида ва хисороти зиёди моддиро ба бор овардааст, моро сахт андӯҳгин кард.

Тасаллияти амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагони ин заминларза баён менамоем.

Барои осебдидагони ин офати табиӣ орзуи шифои оҷил дорем.

Нигористон

Тақвим