Вохӯрӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Португалия

01.07.2022 18:46

1 июли соли 2022 дар Лиссабон дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо муовини вазири корҳои хориҷии Португалия Андре Франсиш дидор намуд.

Дар мулоқот муносибатҳои Тоҷикистон ва Португалия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ муҳокима шуда, доир ба ҳамкории Тоҷикистон ва Португалия дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар заминаи Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи афкор сурат гирифт.

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

01-07-2022-18-45.jpg

 

Нигористон

Тақвим