Мулоқот бо Мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба рушди саноат

05.07.2022 17:53

4 июли соли 2022 дар ҳошияи сафари ҳайати расмии Тоҷикистон ба Вена ҷиҳати иштирок дар машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия Муовинивазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба рушди саноат (UNIDO) Фату Ҳайдара мулоқот намуд.

Ҷонибҳо раванди татбиқи лоиҳаҳо дар қаламрави кишвар ва имкониятҳои тавсеаи робитаҳоро баррасӣ карда, аз сатҳи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNIDO изҳори қаноатмандӣ намуданд.

02,07,2022,17,52.jpg

 

Нигористон

Тақвим