Шоми дӯстӣ бахшида ба 30 солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Австрия

05.07.2022 18:52

4 июли соли 2022 дар Вена шоми дӯстӣ бахшида ба ҷашни 30-мин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия дар қароргоҳи маҷаллаи дипломатии “Society Magazine” баргузор гардида, дар он намояндагони мақомоти давлатӣ,  ҳайати дипломатӣ, доираҳои иқтисодӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвари иқомат ширкат варзиданд.

Дар чаҳорчӯби чорабинии мазкур маросими ниҳолшинонӣ аз ҷониби Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва Сардори Департаменти Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, сиёсати ҳамҷавории шарқии Иттиҳоди Аврупо ва шарикии шарқии Аврупои марказии Вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия Герҳард Зайллер ҳамчун рамзи дӯстии кишварҳо дар боғи қароргоҳи маҷаллаи мазкур сурат гирифт.

Ба меҳмонон намоиши ҳунарҳои мардумӣ пешниҳод шуд.

05,07,2022,18,45,1.jpg

05,07,2022,18,45,5.jpg

05,07,2022,18,45,2.jpg

05,07,2022,18,45,3.jpg

05,07,2022,18,45,4.jpg

 

Нигористон

Тақвим