Муносибатҳои Тоҷикистон бо Алҷазоир

01.03.2013 10:10

Таърихи муносибатҳои дипломатӣ. Алҷазоир истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 10 январи соли 1992 ба расмият шинохт. Муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо 10 июли соли 1997 барқарор шудаанд. Сафорати он кишвар дар Ӯзбекистон пас аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ робитаҳои худро бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намуд. 22 ноябри соли 2010 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рамазан Мекдуд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Эътимодномаи худро супорид.

Ҳамкориҳои сиёсӣ. Дар замони Шӯравӣ Тоҷикистон дар Алҷазоир намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқро гузаронидааст.

Дар иншоотҳои ҳамкории шӯравию алҷазоирӣ хатмкардагони шӯъбаи арабии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон, шӯъбаи фаронсавии Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории шаҳри Душанбе ба сифати тарҷумон кор кардаанд.  

2 апрели соли 2007 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан ал-Аскарӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Эътимодномаи худро супорид.

Аз 10 то 12 марти соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир сафари расмӣ анҷом дод. Баррасии масоили муносибатҳои Тоҷикистону Алҷазоир нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулазиз Бутафлиқа ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб сурат гирифт. Ҷонибҳо оид ба равандҳои рушди бонизому устувори иқтисодии Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои босамар, ки дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, бунёди инфрасохтор ва тиҷорати минтақавию байниминтақавӣ ба назар мерасад, гуфтугӯи судманд анҷом доданд. Баъди анҷоми музокироти расмӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  Президенти Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа 4 санади  муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Заминаҳои шартномавӣ-ҳуқуқӣ. Заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Алҷазоирро 4 санади муҳими ҳамкорӣ ташкил медиҳад:

1. Созишномаи тиҷоратӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир;

2. Ёддошти тафоҳум дар бораи машваратҳои дуҷониба байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир;

3. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Халқии Демократии Алҷазоир оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг;

4. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар бораи ҳимоя ва ташвиқи мутақобилаи сармоягузорӣ;

Ҳамкориҳои байналмилалӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Алҷазоир дар арсаи байналмилалӣ ташаббусу пешниҳодҳои якдигарро дастгирӣ намуда, ҳаматарафа ҷонибдорӣ мекунанд.

10.09.2015

Нигористон

Тақвим