Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ироқ

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ироқ 30-юми ноябри 1995 роҳандозӣ шуданд. Ироқ истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11-юми январи 1992 ба расмият шинохтааст.

19-уми октябри 2018 Зубайдулло Зубайдзода сафири ғайримуқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ таъйин гардид.

Дар Симпозиуми байналмилалии таҳти унвони «Мероси Абӯҳанифа ва аҳаммияти он дар муколамаи тамаддунҳо» (октябри 2009, Душанбе) Имоми масҷиди ҷомеи Имоми Аъзами Бағдод Аҳмад Ҳасанат-Тоҳа иштирок кард.

Дар чорабиниҳои байналмилаливу минтақавӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор гардиданд, ба хусус ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои  узви Созмони конфронси исломӣ (Душанбе, 18-20 майи 2010), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 (Душанбе, 7-10 июни 2010), Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон (15-16 октябри 2017) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланди “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 3-4 майи 2018),  Даҳсолаи байналмилалии "Об барои рушди устовр, солҳои 2018-2028" (10-13 июни 2024) намояндагони мақомоти марбутаи Ироқ иштирок намудаанд.

Бо дастгирии бевоситаи роҳбарони ду кишвар 30-юми апрели соли 2019, 84 тифли тоҷик тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе интиқол дода шуданд.

Дар таърихи 8-9 ноябри соли 2025 сафари котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ироқ танзим гардида, дар рафти он мулоқоту музокирот бо роҳбарияти олӣ ва шахсони воломақоми он кишвар танзим шуд. Дар қатори тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, мубориза бар зидди терроризм ва ҷинояткорӣ, инчунин масъалаи ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

20.02.2026

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим