Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Фаластин

31.01.2024 10:13

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Фаластин

6 марти соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин барқарор шуданд.

3 октябри соли 1995 аввалин сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Набил Ал-Лаҳҳом (бо иқоматгоҳ дар Тошканд) эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид. 5 марти соли 2014 сафири ғайримуқими Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳонӣ (бо иқоматгоҳ дар Тошканд) таъйин шуд. Аз соли 2020 то кунун сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо мебошад.

9 апрели соли 2020  Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабиён Маҳмадалӣ Давлатшо сафири фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Фаластин бо қароргоҳ дар Туркия таъйин гардид.

То кунун се даври машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Фаластин (29 марти 2017, 23-24 апрели 2018, 29 августи 2023) баргузор гардидад.

26 июли соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликӣ зимни сафараш ба Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва 27 июли 2018 Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот кард. Ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, фарҳанг, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.

12 августи соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳайати фаластиниро таҳти роҳбарии директори генералии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Фаластин Имод Зуҳайрӣ ба ҳузур пазируфт.

29 августи соли 2023 Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликиро ба ҳузур пазируфтанд.

Сипас мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Давлати Фаластин, инчунин даври сеюми машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар сатҳи вазирон доир шуд. Дар поён се санади нави ҳамкорӣ байн ду кишвар ба имзо расид. Ҳамчунин зимни ин сафар Сафорати Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазирони корҳои хориҷии ҳарду кишвар ва корпуси дипломатии муқими Душанбе расман кушода шуд.

Ноябр, 2023

Нигористон

Тақвим