Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Арабии Сурия

31.01.2024 10:15

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Арабии Сурия

Ҷумҳурии Арабии Сурия истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 21 декабри соли 1991 ба расмият шинохт ва 29 марти соли 1992 байни ду кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд.

Рӯзҳои 7-10 феврали соли 2007 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Сурия сафари расмӣ анҷом доданд, ки ба раванди ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Зимни ин сафар 8 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Сурия ба имзо расид.

Рӯзҳои 18 – 20 майи соли 2010 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Сурия Валид Ал-Муаллим барои иштирок дар Ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Сурия, бахусус дар самти ҳамкориҳои башардӯстона рушд ёфтанд. Ба дунболи заминларзаи шадид дар Сурия (06.02.2023) 20 феврали соли 2023 миқдори 55 тонна кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз маводи ғизоӣ, доруворӣ, либос ва пойафзол ба мардуми зарардидаи Ҷумҳурии Арабии Сурия ирсол карда шуд. Тоҷикистону Сурия дар масъалаи баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз Сурия (аъзои оилаи собиқ ҷангиёни созмонҳои террористӣ) ҳамкории хуб ба роҳ мондаанд.

Ноябр, 2023

Нигористон

Тақвим