ИТТИЛОИЯИ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳодисаҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон (14-18 сентябри соли 2022)
18.09.2022 21:16
- 14 сентябр, соати 7:15 воҳидҳои низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб ба тирборон кардани посгоҳи «Кех»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии Амнияти миллии Чумхурии Точикистон дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара шурӯъ карданд. Дар рафти ин амалиёти таҷовузкоронаи беасос тарафи Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон истифода бурд. Дар натиҷаи тирпарронӣ ду нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳалок гардиданд. Ғайр аз ин, аз ҷониби Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаҳои сарҳадӣ интиқол дода шуданд. Ҷониби Тоҷикистон маҷбур шуд, ки оташи ҷавоби кушояд.
- Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 14:10, баъди эълони оташбас, низомиёни Қирғизистон бо истифода аз силоҳи гурӯҳӣ ба маҳаллаҳои аҳолинишини Лангар ва Сари Бозор ҳамла карданд. Илова бар ин, ҳангоми тирборон кардани бинои мактаби таҳсилоти умумии рақами 47-и ҷамоати Чоркӯҳ хонандагон ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ ҷароҳат бардоштаанд.
- Новобаста аз тавофуқи бадастомада оид ба эътидол овардани вазъ ва ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагӣ, 16 сентябр соати 04:50 низомиёни қирғиз бо истифода аз силоҳҳои вазнин ба тирборони дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Ҳамзамон, кормандони низомии Ҷумҳурии Қирғизистон бо истифода аз техникаи ҳарбӣ деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд. Дар ҷараёни тирборони шадид кардпни маҳаллаҳои истиқоматии деҳаи Чорқишлоқи шаҳри Исфара, ҷониби Қирғизистон техникаи вазнинро ба монанди БМП ва БТР истифода бурд.
- Худи ҳамон рӯз тахминан соати 06:30 низомиёни таъйиноти махсуси Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди деҳаи Боғдории ҷамоати Чилғозии шаҳри Исфара ворид шуда, 16 манзили сокинони маҳаллиро оташ заданд ва дуздиву ғоратгарӣ карданд. Бояд тазаккур дод, ки дар ин ҳамла низомиёни қирғиз ба манзили шаҳрванди Тоҷикистон, зани солхӯрда Маҳмудова Мунавварахон даромада, ӯро бо бераҳмии махсус куштанд.
- Дар ин муддат низомиёни қирғиз низоми оташбасро боз вайрон карда, деҳаи Хоҷаи Аълоро аз ҳудуди истгоҳи обтаъминкунии “Головная” тирборон карданд. Ҳангоми тирпарронӣ иншоотҳои инфрасохтори шаҳрвандӣ зери ҳамла қарор гирифтаанд, хусусан, хатти интиқоли неруи барқи Шӯроб ва як пули деҳаи Чорқишлоқ осеб дидааст. Илова бар ин, дар доираи ин таҷовуз низомиёни қирғиз манзилҳои мардуми осоишта дар маҳаллаҳои аҳолиниши Боғистон ва Лакони шаҳри Исфараро ба таври оммавӣ оташ заданд. Бар асари оташи низомиёни қирғиз дар ҷамоати Чоркӯҳ панҷ узви як хонавода, аз ҷумла як духтарчаи 6-сола, як писарчаи 5-сола ва як зани ҳаштмоҳа ҳомиладор кушта шуданд.
- Шуруъ аз соати 07:30 воҳидҳои низомии Қирғизистон дар тамоми хатти сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон оташ кушоданд. Ҳамин тавр, дар ҷараёни тирпарронии шадиди қаламрави Тоҷикистон 20 адад мошинҳои зиреҳпӯши вазнин, аз ҷумла танкҳо, БТР ва мошинҳои зиреҳпӯши тафтишотӣ-назоратӣ истифода шуданд. Бар асари ин тирпарронии шадид бинои мактаби миёнаи умумӣ ва 8 хона дар деҳаи Боғистони шаҳри Исфара, инчнунин хонаҳои истиқоматӣ дар деҳаи Сомониён вайрон карда шуданд. Қобили зикр аст, ки бар асари ҳамлаи миномётии ҷониби Қирғизистон дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ду зани солхӯрда – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кушта шудаанд.
- Сарфи назар аз созиш дар бораи оташбас, ки дар сатҳҳои мухталифи мақомоти низомӣ ва шаҳрвандии ду кишвар ҳосил шуда буд, инчунин бар хилофи итминони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов, ки дар ҷараёни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Самарқанд “дар ҳошияи” нишасти СҲШ дода шуда буд, баъдан соати 19:10-и 16 сентябр, низомиёни қирғиз оташ кушода, биноҳои мактабҳои таҳсилоти умумии №225 ва №64-и ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро пурра хароб карданд.
- Шоми ҳамон рӯз бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона низомиёни Қирғизистон бо истифода аз мошинҳои зиреҳпӯш мошини ёрии таъҷилиро дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Зумради шаҳри Исфараи Тоҷикистон, ки мардуми осоиштаи маҷрӯҳшударо интиқол медоданд, зери тирборон қарор доданд. Бар асари ин ҳамлаи ғайриинсонӣ 5 шаҳрванди Тоҷикистон – фелдшери ёрии таъҷилӣ ва аъзои як оила, аз ҷумла кӯдакони 6 ва 5-сола кушта шуданд.
- 16 сентябр зимни мулоқоти ҳамраисони комиссияи байниҳукуматӣ бори дигар созиш дар бораи оташбас аз соати 16:00 ба амал омад, ки бо Протоколи №41 ба расмият дароварда шуд. Бо вуҷуди ин, ҷониби Қирғизистон барои бомбаборон кардани қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи (БПЛА) Байрактар ТБ2 истифода кард. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавопаймои бесарнишин ба бинои мактаби №8-и ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 6 шаҳрванди Тоҷикистон – сокинони осоишта кушта шуданд. Дар ҷараёни ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба масҷиди ҷамоати Овчиқалъача 12 ғайринизомии Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса кушта ва беш аз 20 нафар, аз ҷумла як кӯдаки ҳафтсола ҷароҳат бардоштанд. Ҳамзамон ҷониби Қирғизистон сабтҳои видеоии зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба объектҳои шаҳрвандӣ дар фазои иттилоотии кушода нашр кард.
- Субҳи барвақти рӯзи 17 сентябр низомиёни қирғиз бори дигар низоми оташбасро вайрон карда, ба ҷамоати Чоркӯҳ ва қитъаи шоҳроҳи Чорқишлоқи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо миномёт ҳамла кардаанд.
- Соати 11:10 кормандони қисми низомии 707-и Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ба дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и гурӯҳи сарҳадии Исфара аз ҳама намуди силоҳ оташ кушоданд. Нерӯҳои воҳидҳои махсуси Қирғизистон деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро тирборон карданд.
- Соати 11:50 низомиёни Қирғизистон бо истифода аз системаҳои мушакии чандкарата (РСЗО) ба самти деҳаи Тоҷварони ноҳияи Лахши Тоҷикистон тир холӣ карданд. Бар асари ин ҳамла чанд шаҳрвандони осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон ҷароҳат бардошта, 3 бинои истиқоматӣ нобуд карда шуд. Бояд махсус қайд кард, ки дар ин минтақа ҳодисаҳои муноқишавӣ ба қайд гирифта нашудаанд ва тамаркузи қувва ва воситаҳои ҷониби Қирғизистон дар ин минтақа, бо назардошти мураккабии релефи минтақа, на кам аз як ҳафтаро талаб мекунад. Дар давоми рӯз низомиёни қирғиз бо истифода аз системаи мушакии чандкарата (РСЗО)ба манотиқи аҳолинишини минтақаи сарҳадии ноҳияи Лахш се маротиба тир холӣ карданд. Мактаби №15 дар деҳаи Тоҷварон мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷаи он 3 хонанда ҷароҳат бардоштанд.
- Дар рӯзҳои охир, бо мақсади эҷоди симои "таҷовузкор" дар чеҳраи ҳамсояи худ, ҷониби Қирғизистон бо дурӯғгӯӣ ва таҳқири ошкоро қонеъ нашуда, маъракаи иттилоотиро алайҳи Тоҷикистон идома дода истодааст ва ба ин васила дар манотиқи марзӣ шиддатро ба вуҷуд меоварад. 17 сентябр дар муроҷиати худ ба миллат Президенти Қирғизистон нисбати Тоҷикистон калимаи "душман"-ро истифода бурд.
- 18 сентябр бо такроран вайрон кардани созишномаи оташбас, соати 19:00 воҳидҳои аз ҷониби Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон дидбонгоҳи сарҳадии №5-и “Қӯрғонча”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар маҳаллаи аҳолинишини Қаровултеппаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойгир аст, мавриди тирборони снайперҳо қарор гирифт.
- Ҷониби Тоҷикистон сар карда аз шоми 18-уми сентябр то субҳи 19-уми сентябр ҳолатҳои зиёди нақзи ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки аз қаламрави Қирғизистон парвоз мекунанд, сабт кардааст. Ҳамин тариқ, 18-уми сентябр соати 20:00 дар минтақаҳои Мурғоб ва Лахш – дар дидбонгоҳи марзии Қароқӯл, соати 20:16 дар дидбонгоҳи марзии “Марғансу” ва соати 21:00 дар дидбонгоҳи марзии Қизил-Арт ҳавопаймоҳои бесарнишин мушоҳида гардиданд.