17 октябри соли 2022, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Фиристодаи вежаи вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм ва миёнҷигарӣ дар ҳалли низоъҳо доктор Мутлақ ибни Моҷид ал-Қаҳтониро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти сӯҳбат баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо», ки марҳилаи сеюми “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” мебошад, муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, ҳамчунин оид ба масоили мавриди тавҷҷуҳи тарафҳо табодули назар карданд.