Вохӯрии гурӯҳҳои корӣ оид ба демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон

19.12.2022 17:00

12-19 декабри соли 2022 дар ш. Гулистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ пешниҳодҳои тарафҳо оид ба гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Зимни музокирот тарафҳо корҳои анҷомдодаро дар соли 2022 натиҷагирӣ карда, Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Дар поёни нишаст Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.

Нигористон

Тақвим