8 феврали соли 2023 дар ш. Мадрид, Шоҳигарии Испания Анҷумани сармоягузорӣ таҳти унвони “Осиёи Марказӣ: минтақаи рушдёбанда барои ширкатҳои испанӣ” баргузор гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания (бо қароргоҳ дар Женева) Ҷамшед Ҳомидов ба ҳайси ҳамраиси чорабинии мазкур суханронӣ намуда, ба ширкаткунандагон оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фазои мусоид ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика ва хизматрасонӣ маълумот пешниҳод кард.