3 марти 2023 дар Вена дар қароргоҳи Ассотсиатсияи палатаҳои тиҷоратии Австрия (WKO) нишасти мизи мудаввар дар мавзуи имкониятҳои ҳамкории тиҷоратии иқтисодии Тоҷикистону Австрия баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода, ноиби Президенти Ассотсиатсияи палатаҳои тиҷоратии Австрия (WKO) Патрик Загмайстер ва ҳамраиси Комиссияи ҳамкориҳои иқтисодӣ, роҳбари Гурӯҳи робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати федералии меҳнат ва иқтисоди Австрия Франс Вессиг ифтитоҳ намуда, дар он намояндагони бахшҳои мухталифи Ассотсиатсия, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Контролбонки Австрия ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар низ ширкат варзиданд.
Дар рафти чорабинӣ намояндагони расмӣ зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои авлавиятнокро таъкид намуда, ширкатҳои Австрия ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ҷониби Тоҷикистон дар соҳаҳои нерӯи таҷдидшаванда, иқтисоди сабз, саноат, рақамикунонӣ, фанновариҳои муосир, тиб, сайёҳӣ, бахусус рушди соҳаи сайёҳии зимистона ва куҳнавардӣ, ҳавасмандии хешро баён намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ мулоқотҳои дуҷонибаи ширкатҳо дар сиғаи B2B баргузор гардиданд.