9 марти соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини Зеландияи Нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш.Москва) Сара Уолшро қабул кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи самтҳои авлавиятноки равобити дуҷониба ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Зеландияи Навро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти корӣ барору комёбӣ таманно намуд.