Сафари кории cафири Тоҷикистон ба вилояти Павлодари Қазоқистон

12.05.2023 10:39

10 майи соли 2023 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Павлодари Ҷумҳурии Қазоқистон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо ҳокими вилояти Павлодар Байханов Асаин, дигар шахсони расмӣ, инчунин бо соҳибкорон, намояндаҳои бахши бонкӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии вилояти Павлодар мулоқот намуд.

Дар рафти сӯҳбат доираи васеи масъалаҳои робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин ба роҳ мондани воридоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба вилояти Павлодар баррасӣ карда шуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим