Изҳори таслият дар Сафорати Қазоқистон

12.06.2023 15:28

​​​​​​

12 июни соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон ташриф овард.

Роҳбари мақомоти корҳои хориҷӣ ба сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон В.Туреханов барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба сабаби дар Қазокистон эълон намудани Рӯзи мотами миллӣ супорид.

С. Муҳриддин дар Китоби тасаллият низ сабт гузошт, ки дар он чунин омадааст:

“Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва наздикону пайвандони қурбониёне, ки аз сӯхтори бузурги беша дар вилояти Абайи Ҷумҳурии Қазоқистон ҳалок шудаанд, ҳамдардии самимона изҳор менамоям.

Мо ба андӯҳи мардуми бародари Қазоқистон шарик ҳастем ва умедворем, ки ҳамаи осебдидагон ҳарчи зудтар шифои комил меёбанд”.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим