Иштироки муовини вазир дар Муколамаи сиёсию амниятӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ

14.06.2023 14:40

13 июни соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон муовини вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим дар ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок кард.

Зимни ҷаласа роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин оид ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим