16 июли соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ аз Академияи арабӣ оид ба илмҳо, технология ва ҳамлу нақли баҳрӣ воқеъ дар шаҳри Қоҳира боздид ба амал овард.
Зимни боздид ва шиносоӣ бо фаъолияти Академия мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо президенти Академия профессор Исмоил Абдулғаффор, ҳамчунин устодону масъулон ва коршиносони аршади он баргузор гардид.
Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва тадқиқоту пажӯҳиши илмӣ-техникӣ баррасӣ гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan