Супоридани эътимоднома ба Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева

20.07.2023 17:41

20.07.2023.17.32.jpg

20 июли соли 2023 маросими супоридани эътимодномаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ба Мудири кулли шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева хонум Татяна Валовая баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ, ба вежа ҳалли мушкилоти обӣ ва тағйирёбии иқлим, Ҳадафҳои Рушди Устувор ва хатару чолишҳои замони муосир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим