Музокироти роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон баргузор гардид

26.07.2023 18:44

26 июли соли 2023 тавассути видеоконфронс машваратҳо миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон С.Муҳриддин, Туркманистон Р.Мередов ва Ҷумҳурии Узбекистон Б.Саидов баргузор гардиданд.

Дар рафти мулоқот масоили омодагӣ ва баргузории Нишасти Президентони Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, ки дар аввали моҳи августи соли ҷорӣ дар Ашкобод баргузор мешавад, муҳокима гариданд.

Вазирон лоиҳаи барнома, рӯзномаи ҷаласаи дарпешистода, инчунин лоиҳаи ҳуҷҷати ҷамъбастии Нишастро баррасӣ карданд.

Дар ин замина вазирон доир ба ҷанбаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим