Мулоқоти вазир бо сафири Аморот

27.07.2023 14:15

27.07.2023.14.31.jpg

27 июли соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Остона) Муҳаммад Саид Муҳамад Ал-Ариқиро ба ҳузур пазируфт.

Дар ибтидо Ал-Ариқӣ даъвтаномаи расмии Президенти АМА Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳёнро ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Нишасти 28-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-28), ки аз 30 ноябр то 12 декабри соли 2023 дар шаҳри Дубай баргузор хоҳад шуд, тақдим намуд.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити ду кишвари дӯстро дар ҳамаи арсаҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим