Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд
Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби атташе ва котиби сеюм – 1660 сомонӣ;
Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби дуюм – 1825,25 сомонӣ;
Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби мушовир – 2220,10 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби мушовир
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
- донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
- маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.
Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби котиби дуюм
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
- донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
- маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби котиби сеюм ва атташе
Талаботи тахассусӣ барои баъзе аз мансабҳои маъмурӣ
- талаботи тахассусӣ барои мансаби мушовири шуъбаи банақшагирӣ ва баҳисобгирии муҳосибии раёсати молиявӣ - таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ.
Талаботи иловагӣ нисбати ҳамаи довталабон
Рӯйхати ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун
1. Ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи вазири корҳои хориҷӣ (Word);
2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (Word);
3. Тарҷумаи ҳол (Word);
4. 2 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5;
5. Нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ;
6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
8. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038 (тибқи тартиби муайянгардида);
9. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
10. Маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
11. Тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);
12. Маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
13. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;
14. Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
15. Гувоҳинома (сертификат) дар бораи донистани забони хориҷӣ.
Номгӯи саволҳои эҳтимолӣ барои озмун (PDF)
Дастурамалҳои мансабӣ (PDF):
атташеи раёсати корҳо;
котиби сеюми шуъбаи аккредитатсия ва кор бо корпуси дипломатии раёсати ташрифоти давлатӣ;
котиби сеюми шуъбаи маблағгузорӣ ва назорати молиявии раёсати молиявӣ;
мушовири шуъбаи банақшагирӣ ва баҳисобгирии муоҳосибии раёсати молиявӣ.
Эзоҳ:
Довталабоне, ки забони давлатӣ, русӣ ва яке аз забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд намедонанд ва бастаи ҳуҷҷатҳоро пурра пешниҳод намекунанд, ба озмун роҳ дода намешаванд.
Ҳуҷҷатҳо то санаи 16 сентябри соли равон қабул карда мешаванд.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Шероз 33.
Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 221-15-61, 221-70-27.