Қабул гардидани қатъномаи пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии СММ

05.09.2023 11:49

1 сентябри соли 2023 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи “Пайгирии натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба арзёбии фарогири миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Нидерланд ва Ҷумҳурии Сенегал пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Бори нахуст ин ташаббус аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Конфронси оби СММ (рӯзҳои 22-24 марти 2023 дар ш. Ню-Йорк баргузор гардид), садо дода буд.

Қатънома таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳама сатҳҳоро ҷиҳати дар амал татбиқ кардани ҳадафу мақсадҳои марбут ба обу беҳдоштии Рӯзномаи 2030, хусусан барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ зарур мешуморад.

Дар бахши амалиётии қатънома дар баробари қарори баргузории Конфронси оби СММ соли 2028 дар Тоҷикистон инчунин дар соли 2026 барпо намудани Конфронси СММ оид ба масъалаҳои об ҷиҳати суръатбахшии татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таъйид гардидааст.

Инчунин, МУСММ аз Дабири кулли СММ даъват ба амал овардааст, то охири иҷлоси 78-уми МУСММ дар машварат бо кишварҳои узви СММ стратегияи фарогирро оид ба обу санитария омода ва ба кишварҳои аъзо пешниҳод намояд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим