Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти солонаи Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ

22.09.2023 11:28

21 сентябри соли 2023 дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти солонаи Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDC) ширкат намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронии худ ба аҳамияти татбиқи иқтидори транзитии кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, аз ҷумла амалисозии долонҳои нақлиётию транзитии минтақавӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид кард.

С. Муҳриддин ҳамчунин ба масъалаҳои энергетика, захираҳои об ва иқлим рӯй оварда, онҳоро ҳамчун самтҳои авлавиятноки кишвар унвон кард ва аз давлатҳои LLDC даъват намуд, ки аз имкониятҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” истифода намуда, дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи об (июни 2024) фаъолона ширкат намоянд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим