21 сентябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар вохӯрии ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронии худ С. Муҳриддин ба аҳаммияти сулҳу суботи устувор ва шукуфоӣ дар минтақаи СҲИ таъкид карда, аз вазъи феълии амниятӣ дар манотиқи гуногуни Созмон, аз ҷумла афзоиши таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, авҷ гирифтани ихтилофот ва даргириҳои мусаллаҳона изҳори нигаронӣ кард.
С. Муҳриддин ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон тибқи ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ҷиҳати мубориза бо таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ ва бегонаситезӣ чораҳои зарурӣ меандешад ва бо ин васила ба ҷомеаи ҷаҳонӣ платформаи муколамаи сиёсиеро бо номи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» фароҳам овардааст.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan