21 сентябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар вохӯрии ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ширкат ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронии худ С. Муҳриддин зикр кард, ки МҲТБО тӯли давраи фаъолияташ ҳамчун механизми муассир ва умедбахши ҳамкориҳои гуногунҷанба, ки ба таҳкими тадбирҳои эътимод, ҳамсоягии нек ва муколамаи созанда барои ҳалли мушкилоти замони муосир хизмат мекунад, шинохта шудааст.
Вазир ҳамчунин бо таъкид ба аҳаммияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аз кишварҳои узви МҲТБО ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки моҳи июни соли 2024 дар Душанбе доир мегардад, даъват ба амал овард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan