21 сентябри соли 2023 вохӯрии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо мудири Дафтари минтақавии Созмони байналмилалии меҳнат оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Бити Андре барпо гардид.
Зимни мулоқот ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат, амалисозии барномаҳои мушаххаси ҳамкорӣ ва табодули таҷриба, инчунин масоили пешниҳоди ҳисоботҳои Тоҷикистон ба конвенсияҳои Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan