Рӯнамоии ҷилди дуюми китоби “Забони миллат-ҳастии миллат” дар Теҳрон

06.10.2023 16:08

5 октябри соли 2023 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон маросими рӯнамоии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” (ҷилди дуюм - "Забон ва замон"), баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ дар ибтидои нишаст ёдовар шуд, ки нашри форсии ҷилди аввали китоби "Забони миллат-ҳастии миллат" дар соли 2019 дар Эрон мавриди истиқболи гарми аҳли илму адаби кишвари дӯст қарор гирифта буд. “Нашри форсии ҷилди дувуми ин китоб низ руйдоди муҳим дар ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон буда, “Забони миллат – ҳастии миллат” бо ҳадафи таҳқиқу шинохти сайри таърихии забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) аз даврони бостон то замони муосир ва эҳёи мақом ва манзалати таърихии забони тоҷикӣ ба унвони муҳимтарин рамзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон таълиф шудааст”, қайд намуд сафир.

Дар суханрониҳои худ Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, намояндаи Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва Раиси гурӯҳи дӯстии порлумонии Эрон ва Тоҷикистон Ҷалил Раҳимии Ҷаҳонободӣ, Раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ Маҳмуди Шолуӣ, Раиси Муассисаи "Мероси мактуб" Акбари Эронӣ, шоир ва муҳаққиқи маъруф Алиризо Қазва, сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон, узви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, донишманди маъруфи афғонистонӣ, узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсӣ Сарвари Мавлоӣ, устоди Донишгоҳи омӯзгории Теҳрон Иброҳими Худоёр шоистагиҳои илмӣ ва маърифатии китоби "Забони миллат - ҳастии миллат"-ро зикр намуданд.

Дар ин росто зикр гардид, ки ҷои чунин таҳқиқи ҷомеъ ва фарогир дар забоншиносии Эрону Афғонистон холӣ аст ва иқдоми муаллифи “Забони миллат – ҳастии миллат” дар пажӯҳиши марҳилаҳои пайдоиш ва рушду такомули забони муштараки халқҳои форсизабон шоистаи пайравии донишмандони ин кишварҳо аст.

Фармудаи ҳакимонаи Пешвои миллат - "Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад", ки зинатбахши оғози ҷилди дуюми китоби "Забони миллат - ҳастии миллат" аст, мавриди ҳамовозии суханронони маросими рӯнамоӣ қарор гирифт ва дар ин замина зарурати талошҳои муассир барои ҳимояти забони муштараки кишварҳои форсизабон аз газандҳои замони ҷаҳонишавӣ таъкид гардид.

Суханронони маросими рӯнамоӣ саҳми бузурги Президенти Тоҷикистон Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳимоят аз забон, фарҳанг ва маънавияти ниёкон таъкид ва изҳори итминон карданд, ки нашри форсии китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” мояи таҳкими дӯстиву бародарӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ миёни мардумони Тоҷикистону Эрон хоҳад буд.

Дар поёни маросим меҳмонон бо гӯшаи китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошно шуда шуданд.

Китоб бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба хатти форсӣ баргардон ва дар интишороти “Орван” мунташир шуд.

Дар маросими рӯнамоӣ аҳли илму адаб ва фарҳанги Эрон, намояндагони Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳангу иршоди исломии Эрон, сафирон ва намояндагони ҳайати дипломатии муқими Теҳрон ширкат варзиданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим