19 октябри соли 2023 дар Душанбе нахустин нишасти Кумитаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд. Ҳайатҳои ҷонибҳо дар нишасти мазкур таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Эрон Алӣ Боқирӣ ширкат варзиданд.
Дар нишаст роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва маориф мубодилаи афкор сурат гирифта, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳокима гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба густариши бештари робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan