Таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар хориҷи кишвар

17.11.2023 16:28

17 ноябри соли 2023 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи тақдиросози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Е. Конуспаев, сафири Канада дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Остона) А. Хамсон, намояндагони диаспора ва академияи хореографии “НОМАД” иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон Х. Ибодзода дар бораи аҳамияти тақдирсозу таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол ва нақши меҳварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдату пойдории миллӣ, арзишҳои миллӣ, ҳифзи ҳофизаи таърихӣ, рушди босуботи ҷомеа ва мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қайд намуд.

 

16 ноябри соли 2023 дар шаҳри Сеул ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони муқими кишвари иқомат чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея С. Киром ҷамъомадагонро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик гуфта, роҷеъ ба  саҳми босазои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ, таъмини рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва болоравии обруву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ таъкид намуд.

 

16 ноябри соли 2023 дар шаҳри Москва бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Сафорат, аъзои Шурои ҷамъиятии назди Сафорат, намояндагони намояндагиҳои вазорату идораҳои Тоҷикистон дар кишвари иқомат, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Русия, инчунин донишҷӯёни тоҷик чорабинии сиёсӣ баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Д. Гулмаҳмадзода зимни суханронии табрикӣ нақши тақдирсоз ва саҳми муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи давлатдории тоҷикон ва рушду шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард. Дар зимн, аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти кишварамон ба сифати давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ зикр гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим