Муносибатҳои Тоҷикистон бо Эстония

07.07.2022 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эстония  3 феврали соли 2006 барқарор шудаанд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония (бо қароргоҳаш дар Минск) Маҳмадшариф Ҳақдод мебошад.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар ш. Нур-Султон) Тоомас Тирс мебошад.

Ҳамкориҳои сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо)

13 феврали соли 2009 сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Эстония баргузор гардид, ки муносибатҳои мутақобилаи ҷонибҳоро ба сатҳи сифатан нав баровард.

12 январи соли 2012 дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Эстония Урмас Паэтро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт.   

6-8 майи соли 2013 сафари Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансип ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид.

16 майи соли 2019 дар Душанбе нахустин даври машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эстония баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эстония машваратҳои сиёсиро ба сифати абзори муҳим барои тақвияти муносибатҳои фарогир истифода мебаранд.      

Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2021 гардиши савдои хориҷӣ бо Эстония 425,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Аз ҳаҷми умумии муомилот содирот ба Эстония мушоҳида нашудааст. Воридот аз Эстония 425,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, яъне 100%.

Заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Эстония 5 санади имзошударо дар бар мегирад.

Июн, 2022

Нигористон

Тақвим