28 ноябри соли 2023 дар доираи сафари корӣ консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин бо Губернатори вилояти Томск Владимир Мазур мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Томск дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои марбут ба вазъи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақа зоҳир гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳо таъкид намуданд. Дар ин замина консули генералӣ омодагиро барои мусоидати ҳамаҷониба дар рушд ва тавсеаи равобити байниминтақавӣ изҳор дошт.
Мулоқот дар фазои гарму дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan