29 ноябри соли 2023 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Кабинети вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Юсупов мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои истифодаи имкониятҳои васеи ду кишвар изҳори назар намуда, ҷиҳати омода кардани лоиҳаи созишнома дар соҳаи аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ пешниҳодҳои судманд иброз карданд.
Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба густариш бахшидани ҳамкориҳо ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва техникӣ, аз ҷумла технологияи рақамӣ табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan