30 ноябри соли 2023 дар шаҳри Скопйе муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дар чорабинии канорӣ бахшида ба мавзуи “Таъсири тағйирёбии иқлим ва амнияти инсонӣ дар минтақаи САҲА”, ки дар ҳошияи ҷаласаи 30-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ ба афзоиши назарраси офатҳои табиӣ дар минтақа ва Тоҷикистон, ки боиси зарар дидани аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар мегарданд, таъкид намуд.
С. Имомӣ инчунин аз ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла ташкили Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо ёдрас гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan