4 декабри соли 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шуруъ намуд. Чорабинии мазкур то 9 декабри соли 2023 идома ёфта, намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд.
5 декабр зимни иҷлос номинаи мустақими Тоҷикистон “Анъанаи бофтани Атласу – адрас” мавриди баррасӣ қарор гирифта ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan