8 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид.
Зимни машваратҳо ҷонибҳо роҷеъ ба сатҳи кунунии ҳамкориҳои ҳар ду кишвар ва дурнамои он дар солҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд.
Дар баррасии масоили сиёсиву иқтисодӣ ва такмили пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ ҷонибҳо сатҳи татбиқи лоиҳаю барномаҳои шарикии рушд бо Швейтсарияро матраҳ намуда, ҳамзамон дар атрофи имкони густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, байнипарлумонӣ, инчунин татбиқи лоиҳаву барномаҳои минтақавӣ табодули андеша карданд.
Тоҷикистону Швейтсария дар баробари мавҷудияти абзори машваратҳои сиёсӣ, Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, дар доираи муассисаҳои молиявии Бреттон-Вудс, Фонди глобалии экологӣ, инчунин дар доираи СММ ва САҲА ҳамкориҳои созанда ба роҳ мондаанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan