11 декабри соли 2023 дар Ашқобод дар ҳошияи форуми байналмилалии “Муколама-кафили сулҳ” намоишгоҳи байналмилалӣ доир гардид.
Дар намоишгоҳ асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маводди тарғиботии соҳаҳои сайёҳиву сармоягузорӣ ва китобҳо доир ба таъриху тамаддуни мардуми куҳани тоҷик ба намоиш гузошта шуда, намунаҳои либосҳои миллӣ, асарҳои кулолӣ, асбобҳои мусиқӣ, аксу мусаввараҳои маконҳои дилфиреб ва таҷассумгари кишвари маҳбуб ва анвои ширинию қаннодии анъанавӣ пешкаши меҳмонони сершумори хориҷӣ гардонида шуданд.
Ҳамзамон дар чорабинӣ ширкаткунандагони намоишгоҳ аз маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла ҳунарҳои дастӣ, дӯзандагӣ, кулолгарӣ ва ғайра дидан намуда, ба гӯшаи Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan