Нишасти намояндаҳои расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва Эрон дар Теҳрон

15.12.2023 15:46

12 декабри соли 2023 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон нишасти намояндаҳои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва Эрон дар мавзуи “Рушди ВАО-и Тоҷикистон дар замони Истиқлол ва нақши расонаҳо дар тақвияти робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон” баргузор гардид, ки дар он ҳайати хабарнигорони Тоҷикистон, намояндагони Вазорати умури хориҷаи ҶИЭ, намояндагони Садо ва симои ҶИЭ, хабаргузориҳои “Форс”, Iran Press TV ва дигар расонаҳои эронӣ ширкат варзиданд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Н. Зоҳидӣ зимни сухани муқаддимавӣ ташаккули ВАО-и миллии тоҷикро дар замони Истиқлол аз баракати ҳимоят ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, изҳор намуд, ки ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони олии ду кишвар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар солҳои охир рӯ ба густариш овардаанд. Дар ин робита таъкид гардид, ки дар марҳилаи кунунии муносибатҳои дуҷониба ВАО-и Тоҷикистон ва Эрон метавонанд нақши муҳим дар тақвияти ҳамкориҳои ду кишвари дӯст ифо кунанд. Барои иҷрои ин рисолат воситаҳои ахбори ду кишварро лозим аст, ки дар шиносонидани кишварҳои ҳамдигар, муаррифии зарфиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва имкониятҳои гардишгарии ду кишвар, таблиғи мероси муштараки фарҳангиву маънавии Тоҷикистону Эрон ва ҳифзу ҳимояти он талошҳои беш аз пеш ба харҷ диҳанд.

Дар нишаст Шоҳин Самадӣ – сардори раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммад Қубодӣ – мудири идораи Осиёи Марказии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, кормандони масъули “Телевизиони Тоҷикистон”, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, бахши форсии шабакаи “Овози тоҷик”-и Радиои Тоҷикистон, рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” ва ҳамчунин намояндагони дафтари минтақавии хабаргузории “Форс” ва Садо ва симои Эрон суханронӣ намуда, имконоту зарфиятҳо ва дастоварду пешрафтҳои воситаҳои ахбори оммаро дар ду кишвар муаррифӣ карданд ва доир ба вазифаву масъулияти ВАО дар тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон табодули назар намуданд.

Дар толор китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рӯзномаву маҷаллаҳои матбуоти Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим