Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо вазири давлатии корҳои хориҷии Қатар

15.01.2024 15:13

15,01,2024,15,04.jpg

15 январи соли 2024 дар шаҳри Давҳа мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо вазири давлатии корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саъд ал-Мурайхӣ баргузор шуд.

Дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар, тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузориҳо баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин атрофи дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим