Вохӯрии cафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Озарбойҷон

16.01.2024 10:49

16.01.2024.10.41.jpg

15 январи соли 2024 вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон Фуад Нагиев баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии равобити дуҷонибаро дар соҳаи сайёҳӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии хешро дар таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба иброз дошта, қайд намуданд, ки баҳри рушди минбаъдаи он тадбирҳои мушаххас меандешанд.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим