Мулоқот бо Сарвазири Покистон

24.01.2024 16:32

24.01.2024.16.30.jpg

23 январи соли 2024 Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Анвар-ул-Ҳақ Какар, Исматулло Насрединро, ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш ба ҳайси cафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар ин кишвар, ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ Сарвазири Покистон ба муҳтарам Исматулло Насредин барои саҳмаш дар тавсеа ва густариши ҳамкорҳои назаррас байни ду кишвари дӯст изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият таманно намуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои самаранок ва мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим