Мулоқот бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон оид ба тиҷорат, саноати нассоҷӣ ва соҳибкорӣ

31.01.2024 10:07

31.01.2024.10.30.jpg

30 январи соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон оид ба тиҷорат, саноати нассоҷӣ ва соҳибкорӣ Атдаев Батир доир шуд.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардида, ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва саноат табодули афкор сурат гирифт.

Ҳамзамон зарурати афзоиши гардиши мол миёни ҳарду кишвар таъкид гардида, иштироки фаъоли доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорон дар намоишу бизнесфорумҳои ҳамдигар таъйид шуд.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим