Мулоқот бо роҳбари Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид

12.02.2024 18:48

12.02.2024.18.40.jpg

12 феврали соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо роҳбари Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (UNFAO) дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиевро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, инчунин раванди амалишавии лоиҳаҳои UNFAO дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим