Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Украина

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Украина 24 апрели 1992 барқарор гардиданд.

Аз соли 1992 то айни замон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина як қатор санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонида шудааст. Санади муҳиме, ки муносибатҳои дуҷониба бар он асос ёфтаанд, Аҳднома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина аз 6 июли соли 2001 мебошад.

Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқие, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии ҳар ду кишвар ба даст омадааст, барои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Дар густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Украина сафарҳои мутақобилаи сарони давлатҳо нақши хосса доранд.

15-16 декабри соли 2011 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина баргузор гардид.

Зимни сафари мазкур масъалаҳои ҳамкориҳои муштараки Тоҷикистону Украина дар самти тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба муҳокима шуда, як қатор ҳуҷҷати густаришдиҳандаи соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои минбаъда ба имзо расидаанд.

Дар доираи сафар масъалаҳои ҳамкориҳои кишварҳо дар бахши энергетика, ҷалби сармоягузорони украинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд.

Ҳамзамон бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳо миёни доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи савдо, саноат, сармоягузорӣ, интиқоли технология ва хизматрасонӣ як форуми соҳибкорони Тоҷикистону Украина баргузор шуд, ки дар натиҷаи он Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Украина таъсис ёфт.

2 июли соли 2012 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина баргузор гардид.

Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ асосан дар доираи Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Радаи Болоии Украина ва Гурӯҳи парлумонии Радаи Болоии Украина оид ба муносибатҳои байнипарлумонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд мекунанд.

Ҷузъи муҳими ҳамоҳангсози таҳкимкунандаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкории иқтисодӣ мебошад, ки соли 2002 таъсис дода шудааст.

Ба Тоҷикистон навъҳои гуногуни молҳои Украина ворид карда мешаванд. Маҳсулоти асосии воридот аз Украина ба Тоҷикистон аз маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, нӯшокиҳо, мошинҳо ва таҷҳизоти техникӣ, вагонҳои роҳи оҳан, доруворӣ ва маҳсулоти коғазӣ иборат мебошанд.

Содироти мол аз Тоҷикистон ба Украина аз меваҳои хушк ва чормағз, инчунин маҳсулоти алюминӣ иборат мебошад.

Инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва мошинсозӣ байни идораҳои дахлдор ва субъектҳои хоҷагидории ду кишвар ба роҳ монда шудааст.                       Ҷиҳати рушди бештари шарикии кишварҳо, аз ҷумла дар соҳаи сохтмони иншооти нав ва модернизатсияи иншоотҳои энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқаҳо ҳосил шудаанд.

Ҳамкориҳои давлатҳо дар соҳаҳои низомӣ-техникӣ ва ҳарбӣ-таълимӣ,                       аз ҷумла тарбияи кадрҳои низомӣ тавассути сохторҳои мудофиа сурат мегирад ва муколама ва ҳамкорӣ байни мақомоти сарҳадӣ низ дастгирӣ карда мешавад.

Робитаҳо дар самти фарҳангию гуманитарӣ низ тадриҷан густариш густариш ёфта истодаанд. Ҳар сол шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаҳои ҷониби Украина ва дар асосҳои умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии Украина дохил мешаванд. Дар ин росто, сафари расмии Вазири маориф ва илми Украина Сергей Шкарлет ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2021 муҳимм арзёбӣ мегардад.

Дар баробари ин, ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар низ ривоҷу равнақ ёфта истодаанд. Дар солҳои охир байни давлатҳо ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ ва гуманитарӣ байни вилоятҳои мухталифи ду кишвар ба имзо расонида шудаанд.

Сафарҳои мутақобилаи намояндагони муассисаҳо, доираҳои соҳибкорӣ ва намояндагони корхонаҳои саноатӣ ва дигар ташкилотҳои минтақаҳо ба Тоҷикистон ва Украина сурат гирифтанд.

17 майи 2021 даври дувуми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид.

1 июни 2021 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба дар шакли маҷозӣ сурат гирифт.

Дар фарҷоми мулоқот Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина барои солҳои 2021-2022 ба имзо расид.

Дар маҷмӯъ ҷонибҳо оид ба аксари масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба мавқеъи ба ҳам наздик дошта, рушди бештари муносибатҳо ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ, хусусан дар соҳаи энергетика асос ёфтаанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим