20-22 феврали соли 2024 дар шаҳри Теҳрон зери раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамраисии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи Гурӯҳи кории махсус оид ба мусоидат ба сармоягузории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ барои давраи то соли 2030 ва Барномаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ дар бахши марбут ба ҳамкориҳои сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо роҷеъ ба лоиҳаи Созишнома дар бораи таъсиси Хазинаи сармоягузории СҲШ ва Консепсияи таъсиси Ассотсиатсияи сармоягузорони СҲШ табодули афкор намуданд.
Дар рафти нишаст ҷониби Тоҷикистон имкониятҳои сармоягузории кишварро муаррифӣ намуд.
Дар интиҳои ҷаласа Протокол ба имзо расид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan