Вохӯрии муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка

05.03.2024 17:29

06.03.2024.16.55.jpg

5 марти соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, бахусус таҳкими муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону ШМА дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, шарикии амниятӣ, инчунин пешбурди робитаҳо дар қолаби “С5+1” ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим